Use APKPure App
Get Таърихи халки точик (синфи 8) old version APK for Android
Tarihi carcasse tojik (Xingfu 8)
Таърих илмест, ки аз давраҳои мухталиф оид ба ҳаёти
сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тамаддуну фарҳанги миллатҳо бо роҳу
услубҳои гуногун маълумот гирд меоварад. Таърихнигорон
ахбори гузаштаро аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ
гирифта, онро бо ҳама ғановаташ баррасӣ менамоянд ва тасвири
гӯёи зиндагии ҷомеаҳо ва инсонҳоро дар гузаштаҳои дур
воқеъбинона аз нав эҳё мегардонанд.
Омӯзиши илми таърих барои ҳар шахс муҳим аст, зеро аз
таърих инсон сабақ омӯхта, он чиро ки боиси рушду тараққист,
ба он рӯ меоварад ва он чиро ки боиси ақибмондагӣ хоҳад шуд,
аз он даст мекашад.
Илми таърих барои пешрафти ҷаҳонбинии хонандагон
мусоидат намуда, онҳоро аз гузаштаи пурифтихори аҷдоди худ,
ки дар фарозу нишеби рӯзгорон бо комёбиву нокомиҳо рӯбарӯ
шудаанд, ба марзҳои таърихии сарзамини аҷдодии худ,
сарнавишти шахсиятҳои маъруфе, ки дар раванди пешрафти
ҷомеаҳо дар гузашта саҳм гузоштаанд, огоҳ месозад.
Акнун шумо аз таърихи халқи тоҷик аз ибтидои асри IX аз
замони ба сари ҳокимият омадани сулолаи Тоҳириён дар
Нишопур (821-873) то миёнаи асри XIV, яъне то ба сари
ҳокимият омадани сулолаи Темуриҳо шиносоӣ пайдо намудед.
Дар ин китоби синфи 8 шумо аз таърихи халқи тоҷик дар
асрҳои XIV- нимаи аввали асри XIX маълумот пайдо мекунед.
Ибтидои асри XIV мутобик ба замони пош хӯрдани ҳукумати
марказии Ҷағатоиён дар Мовароуннаҳр мебошад. Дар нимаи
дуюми асри XIV муборизаи байни амирон ва хонҳои муғулӣ дар
Мовароуннаҳру Хуросону Эрон шиддат ёфта, боиси комилан
заиф гардидани ҳокимияти хонии муғулҳо дар ин сарзаминҳо
мегардад. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки қудрати идораи
ҳокимиятро дар ин сарзаминҳо хонадони нав, ки асосгузори он
Темуриён буд, ба даст гирад.
Бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар ин ҷо дар
бораи чӣ гуна ҳокимиятро ба даст овардани Темурланг дар
маркази Мовароуннаҳр - Самарқанд, хоинона ба қатл расидани
роҳбарони наҳзати мардумии Сарбадорон дар Самарқанд,
ҳуҷумҳои Темурланг ба мамлакатҳои гуногун, қатлу ғорати
мардум ва харобии мамлакатҳо аз дасти Темурланг маълумот
дода шудааст.
Империяе, ки Темурланг дар натиҷаи кишваркушоиҳояш
ба вуҷуд оварда буд, баъд аз сари ӯ бар ҷой намонд. Худи
3
Темурланг низ пош хӯрдаии империяашро пешбинӣ карда буд,
ки ҳангоми зинда буданаш ин сарзаминро миёни писарон ва
наберагонаш тақсим кард. Баъд аз Темурланг Шоҳрух, ки
ҳокимиятро ба даст гирифт, бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ
гашта, бо вуҷуди ин беш аз 40 сол ин сарзаминро идора кард.
Аммо пас аз марги ӯ заволи босуръати давлати Темуриён, ки аз
як марказ (дар замони Темурланг аз Самарқанд ва дар замони
Шоҳрух аз Ҳирот) идора мешуд, оғоз гардид. Бо вуҷуди ин ки
дар зоҳир дарборҳои Самарқанд, Ҳирот, Бухоро ва дигар
шаҳрҳо дар гузашта ҳамчун марказҳои тамаддуну ва фарҳанг
буданд ва адибон, фозилон, донишмандону ҳунармандон ҳамаи
ин марказҳоро пур мекарданд, ҳомиёни ин табақаҳо андак-андак
қудрати худро аз даст дода, барои дубора неруманд шудан ба
бародаркушӣ пардохтанд. Қудратталабиҳои пай дар пай ва
бешумори Темуриён боиси иваз шудани султонҳо мегашт. Ҳеҷ
намояндае аз ин хонадон набуд, ки дар фикри ба даст овардани
ҳукумат набошад ва бештари онҳо ба муддати на чандон зиёде
дар ин ва ё он вилояти хурд ба қудрат мерасиданд ва раванди
таҷзияи давлатро суръат мебахшиданд. Дар империяи як замон
неруманди Темурланг дар нимаи дуюми асри XV бенизомӣ ва
фасод авҷ гирифт. Парокандагии сиёсию иқтисодн, ҷудоихоҳии
ҳокимони вилоятҳои мухталиф ва шиддат ёфтани ихтилофоти
дохилӣ давлати Темуриёнро заиф намуд ва барои мутеъ сохтани
Мовароуннаҳр ба бодиянишинони Дашти Қипчоқ шароит
фароҳам овард.
Caricata da
Rashaad Tracy
È necessario Android
Android 4.0+
Categoria
Segnala
Use APKPure App
Get Таърихи халки точик (синфи 8) old version APK for Android
Use APKPure App
Get Таърихи халки точик (синфи 8) old version APK for Android