Use APKPure App
Get Инсон ва Имон old version APK for Android
Whaler Inson va Eamon bo zaboni Tochiki
Мундарича:
Инсон ва ҳайвон
Илм ва имон
Имони мазҳабӣ
Мактаб ва идеология
Ислом мактаби ҷомеъ ва ҳамаҷониба
Манобеи тафаккур дар Ислом
(Китоб китобхо китобхои точики точикистон таджикистан таджик исламские книги)
Инсон, худ навъе ҳайвон аст аз ин рӯ бо дигар ҷондорон муштаракоти бисёр дорад, аммо як силсила фарқҳо бо ҳамҷинсони худ дорад, ки ӯро аз ҷондорони дигар ҷудо ва бузургу бартар ва берақиб сохтааст.
Фарқи асосии инсон бо дигар ҷондорон, ки меъёри “инсонияти” ӯст ва сарчашмаи чизе ба номи тамаддун ва фарҳанги инсонӣ гардидааст, дар ду ноҳияи бинишҳо ва гароишҳо аст.
Хусусияти умумии ҷондорон ин аст, ки худ ва ҷаҳони хориҷро дарк мекунанд ва ба он огоҳанд ва дар сояи ин огоҳӣ ва шинохт барои расидан ба хостаҳои худ талош менамоянд. Фарқи инсон бо дигар ҷондорон аз ду ҷиҳат: яке дар вусъат ва густардагии огоҳӣ ва шинохтҳо ва дигарӣ аз ҷиҳати сатҳи баланди хостаҳои ӯ аст.
Ин хусусият ба инсон имтиёз ва бартарӣ бахшида ӯро аз дигар ҷондорон ҷудо сохтааст.
Доираи огоҳӣ ва сатҳи хостаҳои ҳайвон
Огоҳии ҳайвон аз ҷаҳон танҳо ба василаи ҳавоси зоҳирӣ аст, аз ин рӯ 1) сатҳӣ ва зоҳирӣ аст ва ба равобити дарунии ашёъ нуфӯз намекунад; 2) фардӣ ва ҷузъӣ аст ва аз куллият ва умумият бархурдор нест; 3) минтақаӣ ва маҳдуд ба муҳити зисти ҳайвон аст ва ба хориҷи муҳити зисти ӯ роҳ пайдо намекунад; 4) ҳолӣ аст, яъне вобаста ба замони ҳол аст ва аз гузашта ва оянда буридааст.
Ҳайвон аз таърихи худ ва ҷаҳон огоҳ нест ва дар бораи оянда намеандешад ва талошаш ба оянда таъаллуқ надорад.
Ҳайвон аз назари огоҳӣ ҳаргиз аз чаҳорчуби зоҳир, фардият, ҷузъият, муҳити зист ва замони ҳол хориҷ намегардад. Дар ин чаҳор зиндон барои ҳамеша маҳбус аст ва агар аҳёнан хориҷ шавад, огоҳона ва аз рӯи шуъур ва интихоб нест, балки таҳти тасхири иҷбории табиат ва ба сурати ғаризӣ ва ноогоҳона аст.
Ҳайвон агар ҳадаферо дунбол кунад, ки аз ин доира берун бошад, -масалан ба навъ тааллуқ дошта бошад на ба фард, ба оянда таъаллуқ дошта бошад на ба ҳол монанди ончи дар баъзе ҳайвоноти иҷтимоӣ аз қабили занбури асал дида мешавад- ноогоҳона ва ба ҳукми ғариза ва фармони мустақими нерӯе аст, ки ӯро офарида ва ҷаҳонро тадбир мекунад.
Доираи огоҳӣ ва сатҳи хостаи инсон
Қаламрави инсон, чи дар заминаи огоҳиҳо, бинишҳо ва шинохтҳо ва чи дар заминаи хостаҳо хеле васеътар ва густардатар ва мутаолитар аст.
Огоҳӣ ва шинохти инсон аз зоҳири ашёъ ва падидаҳо мегузарад ва то даруни зоту моҳият, равобит ва вобастагиҳои онҳо ва заруратҳои ҳоким бар онҳо нуфӯз менамояд. Огоҳии инсон ба минтақа ва макон, маҳдуд намешавад ва занҷираи замон онро дар қайду банд нигаҳ намедорад, ҳам макон ва ҳам замонро тай мекунад. Аз ин рӯ фаротар аз муҳити зистии хешро мешиносад ва бар гузашта ва ояндаи хеш огоҳӣ меёбад. Ҳамчунин таърихи гузаштаи хеш ва ҷаҳон яъне таърихи замин, осмон, куҳҳо, дарёҳо, гиёҳон ва ҷондорони дигарро кашф мекунад ва дар бораи оянда то уфуқҳои дурдаст меандешад. Болотар ин ки инсон дар қаламрави бениҳоятҳо ва ҷовидонагиҳо меандешад ва бархе аз онҳоро мешиносад. Одамӣ аз шинохти фардият ва ҷузъият по фаротар мениҳад, қавонини куллӣ ва ҳақоиқи умумӣ ва фарогирандаи ҷаҳонро кашф мекунад ва бар табиат мусаллат мешавад.
Инсон аз назари хостаҳо низ метавонад сатҳи волое дошта бошад, чунки ӯ мавҷуди арзишҷӯ, ормонгаро ва камолхоҳе мебошад, ки меҳвари хостаҳояш моддӣ ва манфиатталабона нест. Ормонҳое, ки танҳо ба худаш ва ҳадди аксар ҳамсар ва фарзандонаш ихтисос надорад, балки фарогирандаи ҳамаи башарият аст ва ба муҳиту минтақа ё замони хоссе маҳдуд намегардад.
Инсон ончунон ормонпараст аст, ки аҳёнан арзиши ақида ва ормонаш болотар аз ҳамаи арзишҳои дигар қарор мегирад. Осоиш ва хидмат ба инсонҳо аз осоиши худаш муҳимтар мегардад. Хоре, ки дар пои дигарон фуру биравад мисли ин аст, ки дар пои ӯ, балки дар чашмаш фуру рафта бошад. Бо дигарон ҳамдард мешавад ва аз шодии дигарон шод ва аз андуҳи онон андуҳгин мегардад. Ба ақида ва ормони муқаддаси худ чунон дилбаста мешавад, ки манофеи худ, балки ҳаёт ва ҳастии худро ба осонӣ фидои он менамояд.
Uploaded by
محمد سعيد
Requires Android
Android 4.1+
Category
Report
Use APKPure App
Get Инсон ва Имон old version APK for Android
Use APKPure App
Get Инсон ва Имон old version APK for Android