Use APKPure App
Get Геометрия (синфи 10) old version APK for Android
Геометрия (синфи 10)
Китоби мазкур аз рӯи «Барномаи геометрия барои синфҳои 10-
11» (2011), ки онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
барномаи таълимии давраи гузариш ба мактаби 12-сола маъқул донистааст,
бо назардошти Консепсияи миллии маълумот, талаботи
Стандарти давлатии маълумот аз математика, навишта шудааст.
Амалан мундариҷаи китоб аз доираи барномаи геометрия васеътар
буда, қариб тамоми маводи таълимиро аз фанни геометрия барои
синфи 10-уми мактабҳои тамоили табиию риёзӣ дар бар мегирад.
Китобро инчунин дар гимназияҳо, литсейҳо ва литсейҳои муштарак ба
сифати китоби дарсӣ низ истифода кардан мумкин аст.
Китоб аз 7 параграф иборат аст. Дар параграфҳои 1-4-и он
аксиомаҳои стереометрия ва алоқаи онхо бо аксиомаҳои планиметрия,
ҷойгиршавии байниҳамдигарии нуқтаҳо, хатҳои рост ва ҳамвориҳо,
тавсифҳои гуногуни ин ҷойгиршавиҳо ва алоқаи байни онҳо
(параллелӣ; перпендикулярй; масофаи байни нуқтаҳо, хатҳои рост,
ҳамвориҳо; алоқаи байни муносибатҳои параллелй ва перпендикулярй;
кунҷи байни хатҳои рост ва ҳамвориҳо) баён карда шудааст. Ин мавод
як қисми ибтидои стереометрияро ташкил дода, қисми душворфаҳми
геометрияи мактабӣ аст. Душвориаш дар он зоҳир мегардад, ки дарки
мафҳумҳо, тасвияҳо ва исботи онҳо сатҳи баланди тасаввуроти фазогӣ
доштанро талаб карда, масъалаҳояш асосан ҳисобӣ нестанд. Яъне
ҳалли масъалаҳо аз сохтанҳо ва исботҳо иборат мебошад.
Мувофиқи методологияи таълими ҳозира, ки дар мактабҳои
Тоҷикистон амал мекунад, дар китоб параллелӣ ва перпендикулярии
хатҳои рост на ҳамҷоя, балки дар алоҳидагӣ муоина карда мешавад. Бо
ибораи дигар, қисми аффиннии ибтидои стереометрия (геометрияи
параллелӣ ва буриши хатҳои рост бо ҳамвориҳо) аз қисми метрикии он
(геометрияи перпендикулярӣ, масофаҳо ва кунҷҳо) ҷудо карда шудааст.
Ҳангоми чунин ҷудокунӣ методҳои ҳалли масъалаҳои аффиннй аз
метрикӣ фаҳмотар ва дастрас мегарданд. Дигар ин ки ҳангоми баёни
масъалаҳои стереометрӣ маводи планиметрие, ки барои дарк кардани
он зарур аст хотирнишон карда мешавад. Бар замми ин дар китоб ба
монандии (шабоҳати) маводи ҳар ду қисми геометрия диққати махсус
дода мешавад.
Дар параграфҳои 5-6 чунин мафҳумҳо ба монанди координатаҳои
нуқта, масофаи байни ду нуқта, координатаи буриш ва ҷойгиршавии
ду хати рост, табдилдиҳӣ, вектор, дарозии вектор, зарби адад
бар вектор, зарби скалярии векторҳо ва ғайраҳо, ки онҳо дар синфи
8 дар ҳамворӣ дохил ва омӯхта шуда буданд, дар фазо паҳн карда мешаванд.
Дар параграфи 7 доир ба бисёррӯяҳо маълумоти ибтидой оварда
мешавад. Пункти 20-и ин параграф маводи дар пункти 3-и параграфи 1
бударо пурра мекунад. Тарзи ҳисоби масоҳат ҳои сатҳи паҳлуӣ ва пурра,
инчунин ҳаҷми ҷисмҳои одитарини геометрӣ ба мисли призма,
паралелепипед, куб ва пирамида дар ҳамин ҷой баён карда шудааст.
Мувофиқи барномаи давраи гузариш омӯзиши буришҳо дар
бисёррӯяҳо ба синфи 11 гузаронида мешавад. Бинобар ин дар
мактабҳои таҳсилоти умумӣ (на дар тамоилии табий - риёзӣ) назарияи
буришҳоро дар аввал аз мадди назар соқит кардан мункин аст.
Қисми назарявии ҳар як пункт бо саволҳои назоратй ба охир мерасад.
Ба мақсади нишон додани татбиқи назария дар ҳар як пункт,
ғайр аз пункти 1, ҳалли якчанд масъала оварда мешавад. Масъалаҳои
барои ҳалли мустақилона пешбинӣ шуда, дар ҳар як пункт микдоран
каме зиёданд, бинобар ин на ҳар талаба барои ҳалли ҳамаи онҳо фурсат
меёбад. Ба ин саъй кардан ҳам лозим нест. Пиндошта мешавад, ки
бо назардошти қобилият вазифаи хонагӣ фардй хоҳад буд.
Масъалаҳое, ки ҳаллашон каме мураккаб аст бо аломати* нишона
шудаанд.
Ҳар як пункт бо масъалаҳо барои такрор ба охир мерасад.
Масъалаҳои стереометрии ин қисм бо истифодаи назарияи пунктҳои
пешина ҳал мешаванд. Масъалаҳои планиметрй чун қоида шабоҳати
стереометриро надоранд. Ин масъалаҳоро бо мақсади фаромӯш нашудани
маводи синфҳои 7-9 ва тайёрй ба олимпиадаҳо ва имтиҳонҳои дар
пеш буда пешниҳод кардаем.
Яке аз талаботҳои Стандарти давлатии маълумоти умумӣ дар
Тоҷикистон донистани осори илмии ниёгон аст.
Uploaded by
Kuntadi
Requires Android
Android 4.0+
Category
Report
Use APKPure App
Get Геометрия (синфи 10) old version APK for Android
Use APKPure App
Get Геометрия (синфи 10) old version APK for Android