Use APKPure App
Get ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Саъдии Шерозӣ old version APK for Android
GULCHINI ҒAZAL Sadii Sherozӣ
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ,
Ки ҳанўз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.
Ту на мисли офтобӣ, ки ҳузуру ғайб уфтад,
Дигарон раванду оянду ту ҳамчунон, ки ҳастӣ.
Чӣ ҳикоят аз фироқат, ки надоштам, валекин,
Ту чу рўй боз кардӣ, дари моҷаро бубастӣ.
Назаре ба дўстон кун, ки ҳазор бор аз он беҳ,
Ки таҳияте нависиву ҳадияте фиристӣ.
Дили дардманди моро, ки асири туст, ёро,
Ба висол марҳаме неҳ, чу ба интизор ҳастӣ.
На аҷаб, ки қалби душман шикани ба рўзи ҳайҷо,
Ту, ки қалби дўстонро ба муфориқат шикастӣ.
Бирав, эй фақеҳи доно, ба Худой бахш моро,
Туву зуҳду порсоӣ, ману ошиқиву мастӣ.
Дили ҳушманд бояд, ки ба дилбаре супорӣ,
Ки чу қиблает бошад, беҳ аз он ки худ парастӣ.
Чу зимоми бахту давлат на ба дасти ҷаҳд бошад,
Чӣ кунанд, агар забунӣ накунанду зердастӣ.
Гила аз фироқи ёрону ҷафои рўзгорон,
На тариқи туст, Саъдӣ, сари хеш гиру растӣ.
Last updated on Oct 4, 2016
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
È necessario Android
2.1 and up
Categoria
Segnala
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Саъдии Шерозӣ
1.0 by AndroidTJ2
Oct 4, 2016